СААД Тоҷикистонро ба саноати ҳарбии Русия ҳамроҳ карданист

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи имкони роҳандозии ҳамкории корхонаҳои Тоҷикистону Русия бо мақсади истеҳсоли молу таҷҳизоти таъиноти низомиро баррасӣ дорад. «Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи саноати ҳарбӣ фаъолият доштанду имконоти худро аз даст надодаанд, имрӯз метавонистанд ҷиҳати истеҳсоли ин ё он маҳсулот барои комплекси саноати низомии ҳам Русия ва ҳам дигар […]

Пайрав Чоршанбиев



Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи имкони роҳандозии ҳамкории корхонаҳои Тоҷикистону Русия бо мақсади истеҳсоли молу таҷҳизоти таъиноти низомиро баррасӣ дорад.

«Чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи саноати ҳарбӣ фаъолият доштанду имконоти худро аз даст надодаанд, имрӯз метавонистанд ҷиҳати истеҳсоли ин ё он маҳсулот барои комплекси саноати низомии ҳам Русия ва ҳам дигар кишварҳо фармоиш гиранд», – гуфт зимни нишаст хабарӣ дар Душанбе дабири кулии СААД Николай Бордюжа.

Ба гуфтаи ӯ, ин масъала бо раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баррасӣ шуда, нахуст мебояд имконоти мавҷудаи корхонаҳо ва роҳу воситаҳои роҳандозии ҳамкории онҳо бо корхонаҳои Русияро муайян намуд.

«Мо номгӯи чунин корхонаҳои Тоҷикистонро дар даст дорем ва имконоти онҳоро арзёбӣ мекунем. Ҳамчунин моро лозим аст, ки талаботи корхонаҳои саноати ҳарбииРусияро низ мушаххас созем ва ва дар сурати мувофиқи мақсад будан, мо корхонаҳои муштарак дар ин самт таъсис медиҳем, яъне ҳозир муҳим аст, ки  ба корҳои тадорукотӣ оғоз бахшида, имконот ва талаботи сохторҳои дахлдори ҳарду кишварро ба инобат гирем», – гуфт ӯ.

Бордюжа ҳамчунин қайд кард, ки «масъаларо шояд каме норавшан баён кардам, вале дар бораи чизи мушаххасе ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст». «Ҳарчанд лоиҳаҳои мушаххас мавҷуданд, аммо дар бораи онҳо алҳол чизе гуфта наметавонем», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.