Ба як зумра раисони шаҳру навоҳии Хатлон рутбахои навбатии афсари эҳтиётӣ дода шуд



Аз рӯи натиҷаҳои тамрини низомии бузургмиқёс бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ, ки аз 11 то 14 март дар гарнизони Хатлон доир гардид, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба як зумра раисони шахру навоҳии вилоят рутбаҳои навбатии афсарони эҳтиётиро супурд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазири мудофиа ҳамчунин чанде аз афсарону сарбозони фаъол дар ин размоишро низ қадрдонӣ намудааст.

«Тибқи нақшаи Ситоди кулли Вазорати мудофиаи ҶТ, давоми сол тамринҳои низомии ба ин монанд дар гарнизонҳои ҳарбии Хоруғ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ гузаронида мешаванд», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар


размоиши мазкур


қисмҳои низомии гарнизони Хатлони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва афсарони эҳтиётӣ аз 26 шаҳру навоҳии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ иштирок карданд.


Акс аз радиои «Озодӣ»

spot_imgspot_img

Популярное