Таъини роҳбари нави ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон

Денис Никитин ба вазифаи директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон (ҶСП «ТТ мобайл») таъин шуд. Роҳбари пешини ширкат дар Тоҷикистон Андрей Шишковский директори молиявии филиали «МегаФон» дар Урал таъин гардида, кори худро дар ҳайати Шӯрои мудирони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» идома медиҳад. Денис Никитин дар бахши телекоуммуникатсия муддати 11 сол фаъолият дошта, нахуст соли 2004 ба […]

Иттилоияи расмӣ



Денис Никитин ба вазифаи директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон (ҶСП «ТТ мобайл») таъин шуд. Роҳбари пешини ширкат дар Тоҷикистон Андрей Шишковский директори молиявии филиали «МегаФон» дар Урал таъин гардида, кори худро дар ҳайати Шӯрои мудирони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» идома медиҳад.

Денис Никитин дар бахши телекоуммуникатсия муддати 11 сол фаъолият дошта, нахуст соли 2004 ба ҳайси муҳандис оид ба истифодабарии пойгоҳҳои заминавӣ ва шабакаи нақлиёт дар филиали «МегаФон» дар Поволже ба кор шурӯъ намудааст. Ҳамчунин дар вазифаҳои муҳандиси пешбари пойгоҳҳои заминавӣ, роҳбари бахши фаннӣ низ ифоаи вазифа намуда, соли 2012 директори техникии ҶСП «ТТ мобайл» таъин гардааст.

Гуфта мешавад, таҳти роҳбарии ӯ лоиҳаҳои аз нигоҳи фаннӣ мушкил, аз қабили таъмини алоқа дар шоҳроҳҳои автомбилӣ ва нақбҳои Тоҷикистон амалӣ гардида, низомҳои алтернативии таъмини боэътимоди нерӯи барқи пойгоҳҳои  заминавӣ ҷорӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.