Боздошти як тоҷикистонӣ дар Маскав ба иттиҳоми қатлҳои силсилавӣ

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Срраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, шуъбаи кофукови ҷиноии шаҳри Маскав шахси гумонбар ба як силсила кушторҳо дар қаламрави пойтахти Русияро боздошт намудааст. Бино ба иттилои торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» , мақомоти пулис гуфтаанд, нафари дастгиршуда як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон буда, аллакай даст доштани  худ дар дастикам 7 куштор, аз […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти


хадамоти матбуоти


Срраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, шуъбаи кофукови ҷиноии шаҳри Маскав шахси гумонбар ба як силсила кушторҳо дар қаламрави пойтахти Русияро боздошт намудааст.

Бино ба иттилои торнамои тоҷикии

радиои «Озодӣ»

, мақомоти пулис гуфтаанд, нафари дастгиршуда як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон буда, аллакай даст доштани  худ дар дастикам 7 куштор, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар минтақаи Нагатинои пойтахти Русияро ба гардан гирифтааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 март ба радиои Озодӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки сафорат дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ва он ҳам бо иттиҳоми баланде, чун қатлҳои силсилаӣ аз мақомоти Русия то ҳол расман иттилое нагирифтааст, вале ин қазияро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард: “Чунин хабарҳо, албатта, ба обрӯи тоҷикон дар Русия латмаи ҷиддӣ мезананд. Ва барои мо муҳим аст, ки шахсияти ин гумонбарро ибтидо дақиқ кунем, ки оё дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон аст? Дувуман, бяод дақиқ шавад, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар лаҳзаҳои даст ба ҷиноят заданаш дар кадом ҳолати рӯҳию равонӣ қарор дошт? Оё, чун дар чанд мавриди дигар, маризи рӯҳӣ нест? Ва аз ҳама муҳим, бояд бидонем, ки то куҷо даст доштани як тоҷик дар чунин ҷиноят таҳқиқ ва дақиқ карда шавад, чунки чунин қатлҳои бераҳмона хоси мардуми тоҷик нест.”

Ба иттилои манбаъ бо истинод ба хабаргузории

«Life News»

, нафари боздоштшуда Анӯшервон Раҳмонов ном дошта, ба яке аз нахустин манякҳои дастгиршуда дар Шӯравии собиқ, ки бо лақаби “Мосгаз” маъруф буд, пайравӣ мекардааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мудом якгуна амал карда, худро корманди хадамоти коммуналӣ вонамуд ва вориди хона шуда, дар бораи зарурати иваз кардани лӯлаҳо хабар медодааст. Баъди онки соҳибони хонаҳо ин бадкирдорро ба хона роҳ медодаанд, ӯ онҳоро корд мезадааст. Ин зодаи Тоҷикистон баъдан ба хотири аз байн бурдани изи ҷинояташ газро сар медодааст ва талош мекардааст, ки хонаро ё бисӯзонад ва ё битарконад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.