Cуғд: Оғози парвандаи ҷиноӣ барои харидани автомашина бо доллар



Кормандони мақомоти милисаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои харидани автомашинаи тамғаи «Опел Астра» аз бозори «Дӯстӣ» нисбат ду сокини шаҳри Норак парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокинони шаҳри Норак барои харидории автомшаинаи мазкур 3 ҳазор доллари ИМа ва 65 ҳазор рули русӣ пардохт кардаанд.

ВКД Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, тамоми муомилоти додугирифт ва хариду фурӯш дар қаламрави ҷумҳрӣ бояд танҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ анҷом дода шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное