ВКД: Мусодираи ҳудуди 50 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз

Давоми як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар беш аз 47 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Панҷакент ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии сокини 23-солаи ҳамин шаҳр Иззатулло Ғаффоров аз дохили 2-адад халтаи полиэтиленӣ 31 кило маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира […]

ASIA-Plus



Давоми як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар беш аз 47 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Панҷакент ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии сокини 23-солаи ҳамин шаҳр Иззатулло Ғаффоров аз дохили 2-адад халтаи полиэтиленӣ 31 кило маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, зимни як чорабинии оперативии дигар дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Шералӣ Ҷалолови 31-сола, сокини н.Рӯдакӣ ва Сироҷиддин Шарифови 48-сода , сокини ш.Хуҷанд дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи гумонбаршудагон ҳудуди 9 кило маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар қаламрави пойтахт низ сокини 43-солаи ноҳияи Панҷ Эмомалӣ Худойназаров дастгир шуда, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ кормандони оперативии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ 4 килою 876 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» мусодира намудандаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар пойтахт се нафар сокинони ноҳияи Шуғнон дастгирн шуда, зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматии дастгиршудагон 2 килою 297 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҷамъи маводҳои нашъадори мусодирагардида 47 килою 014 граммро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.