ММТ ба эҳтиёт аз қаллобон зимни имтиҳонҳои дохилшавӣ даъват мекунад

Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон ба худдорӣ варзидан аз дастгирии ҳама гуна ашхос, ки зимни имтиҳонҳои қабулшавӣ барои мукофоти муайяне кумак ваъда медиҳанд, даъват мекунад. Дар муроҷиатномаи ММТ дар сомонаи расмии марказ дар ин робита зикр мегардад, ки имкон дорад шахсоне пайдо шаванд, ки бо мақсади дарёфти манфиат дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои […]

ASIA-Plus



Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон ба худдорӣ варзидан аз дастгирии ҳама гуна ашхос, ки зимни имтиҳонҳои қабулшавӣ барои мукофоти муайяне кумак ваъда медиҳанд, даъват мекунад.

Дар


муроҷиатномаи ММТ


дар сомонаи расмии марказ дар ин робита зикр мегардад, ки имкон дорад шахсоне пайдо шаванд, ки бо мақсади дарёфти манфиат дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ваъда диҳанд.

«Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонад ва хоҳиш менамоем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин нафарон наафтед», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Гуфта мешавад, ба монанди соли гузашта тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур  ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад.

«Мутмаин бошед, ки имкони дахолати беруна ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад», – омадааст дар муроҷиатнома.

Таъкид мешавад, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна  амалҳои номатлуб дар низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон 20 декабри соли 2013 таъсис дода шуд. Аввали соли гузашта Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президент табдил дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.