Президенти «Истиқлол» медали тиллояшро ба мухлиси маъюб туҳфа кард

Президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидов пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) медали тиллояшро ба мухлиси маъюб туҳфа кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ФТТ дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, футболозони пойтахт […]

Аваз Юлдошев



Президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидов пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) медали тиллояшро ба мухлиси маъюб туҳфа кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда

дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ФТТ

дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, футболозони пойтахт бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз шуданд ва соли дуюм пайдарпай ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, баъди ба итмом расидани бозӣ маросими тақдими ҷоизаҳо доир гардида, президенти дастаи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов, ки ҳамроҳ бо даста ба медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гардид, пас аз анҷоми ин маросим ба назди мухлиси маъюб дар ароба омада, медали худро ба ӯ туҳфа кард.

Зимнан зикр мегардад, ки маъюб Алик Одинаев сарфи назар аз ҳама гуна вазъи обуҳаво, ҳамеша ба тамошои бозии дастаи «Истиқлол» ҳозир мешавад ва аз ин туҳфа хеле ба ҳаяҷон омадаву миннатпазирӣ изҳор намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.