Рӯзи 16 марти соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро баргузор гашт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Н.Зоҳидӣ сафирро бинобар ба ин вазифа таъин шуданаш табрик карда баҳри амалигардонии фаъолияти касбиаш комёбиҳо таманно намуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи иқтисодиёту тиҷорат ва роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии муштарак табодули назар карданд.



