С.Аслов ҳамтои кувайтии худро ба Тоҷикистон даъват намуд

Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот нахуст даъватномаи расмии вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов ба ҳамтои худ, муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот нахуст даъватномаи расмии вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов ба ҳамтои худ, муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ Холид ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки аз ҷониби кувайтӣ ин даъват ба хушӣ пазируфта шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот роҷеъ ба 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, самтҳои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, танзим намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, масъалаи кушодани сафорати Кувайт дар Тоҷикистон  ва ҳамоҳангиҳое, ки зимни сафари давлатии президенти ҶТ ба Давлати Кувайт соли 2013, аз қабили бунёди беморхонаи байналмилалӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Кувайт таъкид намуд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ҳайати баландпояи Давлати Кувайт иштирок хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.