Тадбирҳои кадрӣ оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар шаҳрдории пойтахт

Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии […]

ASIA-Plus



Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масоили марбут ба тарҳрезии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба таҳкимбахшии пояҳои вусъати раванди ободкориҳо дар кулли  соҳаҳои хоҷагидории шаҳр матраҳ гардида, дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолони пойтахт даъват ба миён овард, ки дар роҳи расидан ба таҳаввулоти муттасили навгониҳои созанда, ки дар заминаи идроки баланду фарогири зарфиятҳои меҳанпарастӣ, ки он аз тозагии руҳу тан, ободии ҳар як хонаву маҳалли зист ва дар маҷмуъ шукуфоии шаҳр ибтидо мегирад, барномаҳои фаъолияти худро бознигарӣ намоянд, зеро марҳилаи нави рушди ҷомеа тақозо менамояд, ки зарфиятҳои истифоданашуда беш аз ҳарвақта баҳри пешрафту ободонии  шаҳр мавриди амал қарор гирифта, беэътиноӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва зиёдаравиҳо дар саҳлангорӣ, ки сӯистифода аз мавқеъ ва боварӣ аз ҷониби масъулин ба мушоҳида мерасад, комилан бартараф карда шавад.

Дар  иртибот ба ин муқаррар гашт, ки ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми  субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шуруъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида мешаванд.

Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои муассири қонунӣ алайҳи шаҳрвандоне, ки дар самти заминистифодабарӣ нисбати муқаррароти қонун беэътиноӣ зоҳир менамоянд, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзодаро бо истифода аз ваколатҳое, ки қонунгузор ба мақомоти прокуратура  муқаррар намудааст нисбати расидагӣ ба масъалаҳои зикршуда ва дар маҷмуъ сафарбарии тамоми зарфият ҷиҳати беш аз ҳарвақта таъмин намудани волоияти қонун равона сохта, аз сардори нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе Гулмаҳмадзода Ҷамшед даъват ба миён овард, ки дар ин самт фаъолиятро пурзӯр намояд.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тақвими чорабиниҳои марбутаи шаҳрдорӣ тағйирот ворид карда шуд, ки мутобиқ ба он  23 март дар тамоми шаҳр аз соати 8 то 17 маъракаи сабзкорӣ ва Наврӯзи умумишаҳрӣ 24 март дар боғи «Наврӯзгоҳ» бо шукуҳу шаҳомати хоса доир карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.