Чорабинии ИА баҳри рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон

Сессияи 4-ми омӯзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 24 то 26-ми марти соли 2015 дар конфронс-зали АМФОТ (куч. Фируз 14) ш. Душанбе баргузор мегардад. Тавре аз […]

ASIA-Plus



Сессияи 4-ми омӯзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва маркетинг дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» аз 24 то 26-ми марти соли 2015 дар конфронс-зали АМФОТ (куч. Фируз 14) ш. Душанбе баргузор мегардад.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар чорчӯбаи сессияҳои мазкур сафари омӯзишӣ бо иштирокчиён ба корхонаи тҷљрибавии « Аква Ҷус» ташкил карда мешавад.

Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва Иттиҳоди ҷамъиятии муассисаҳои саноати хӯроквории Қирғизистон, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.

Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.

Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои омӯзгорон омўзиши серӯза дар муддати соли ҷорӣ (ҳар семоҳа) гузаронида мешаванд.

Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.