Чорабиниҳои ҶҲАТ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳамасола рӯзи 24 март бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз соли 1993 дар ҷаҳон қайд карда мешавад. Мақсади баргузории ин санаи умумиҷаҳонӣ баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил, саъю кӯшиш ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин беморӣ мебошад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳамасола рӯзи 24 март бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз соли 1993 дар ҷаҳон қайд карда мешавад. Мақсади баргузории ин санаи умумиҷаҳонӣ баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил, саъю кӯшиш ва андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин беморӣ мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил дар ин рӯз дар он аст, ки маҳз ҳамин рӯз, яъне 24 марти соли 1882 микробиологи олмонӣ Роберт Кох барангезандаи бемории силро кашф намуда, доир ба кашфиёти худ ба тамоми ҷаҳон иттилоъ додааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳову ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ доир ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳои гуногунро баргузор менамоянд.  

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶХАТ) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил дар канор набуда, дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд ва сохторҳои марбутаи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла иттилоотию таблиғотӣ дар самти тиббию иҷтимоӣ, вохӯриҳо ва суҳбатҳои муфид оид ба бемории сил, хавфи он, роҳу усулҳои мубориза ва пешгирии ин бемориро ба нақша гирифтааст.

Дар иртибот ба ин маълумоти зарурӣ оид ба баргузории чорабиниҳои дахлдор вобаста ба рӯзи маркуз дар шаҳри Душанбе пешниҳод менамоем:

– 16 март соати 10:30 дар Беморхонаи кудаконаи зидди бемории сил;

– 17 март соати 12:00 дар мактаби миёнаи махсус;

-18 март аз соати 10:00 дар бозорҳои Шоҳмансуру Сафариён, дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳр, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардикорон.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабиниҳои мазкур дар ҳамбастагӣ ва дастгирии шарикони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финландия ва намояндагии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.