Давраи омӯзишии Ассотсиатсияи кӯмаку дастгирии Ҷопон тибқи лоиҳаи таҳсилоти фарогир



Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллии «Ирода»,  Рушди Инклюзия ва СИДА аз 16 то 18 март дар мактаби №72  ш. Душанбе як давраи омӯзиши серӯзаро барои Тюторон амалӣ намуд.


Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, дар давраи омӯзишии мазкур волидони кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, кормандони ташкилотҳои маҳаллӣ, донишҷуёни донишкадаҳо аз ҷумла: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи омӯзиши мазкур иштирокчиён бисёр малакаҳои хубро оид ба маъюбиятҳои гуногун азхуд намуда, чӣ гуна ҳамчун Тютор барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар мактабҳо кумак карданро омӯхтанд. 38 нафар иштирокчиён омӯзишро муваффақона хатм намуда, 10-тои онҳо ҳамчун тютор ва дигарон ҳамчун ихтиёриён интизор мешаванд, ки  бо шарикони мактабии АКД Ҷопон яне  мактабҳои №28, №72, №53 ва №54-и шаҳри Душанбе кори хешро шурӯъ намоянд. 

Зимнан зикр гардид, ки давраи омӯзишии мазкур аз як қисми лоиҳаи “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Душанбе” (Марҳилаи 2)  иборат буда, аз тарафи ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное