Давраи омӯзишии Ассотсиатсияи кӯмаку дастгирии Ҷопон тибқи лоиҳаи таҳсилоти фарогир

Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллии «Ирода»,  Рушди Инклюзия ва СИДА аз 16 то 18 март дар мактаби №72  ш. Душанбе як давраи омӯзиши серӯзаро барои Тюторон амалӣ намуд. Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, дар давраи омӯзишии мазкур волидони кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, кормандони ташкилотҳои маҳаллӣ, донишҷуёни донишкадаҳо аз ҷумла: […]

ASIA-Plus



Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллии «Ирода»,  Рушди Инклюзия ва СИДА аз 16 то 18 март дар мактаби №72  ш. Душанбе як давраи омӯзиши серӯзаро барои Тюторон амалӣ намуд.


Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, дар давраи омӯзишии мазкур волидони кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, кормандони ташкилотҳои маҳаллӣ, донишҷуёни донишкадаҳо аз ҷумла: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи омӯзиши мазкур иштирокчиён бисёр малакаҳои хубро оид ба маъюбиятҳои гуногун азхуд намуда, чӣ гуна ҳамчун Тютор барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар мактабҳо кумак карданро омӯхтанд. 38 нафар иштирокчиён омӯзишро муваффақона хатм намуда, 10-тои онҳо ҳамчун тютор ва дигарон ҳамчун ихтиёриён интизор мешаванд, ки  бо шарикони мактабии АКД Ҷопон яне  мактабҳои №28, №72, №53 ва №54-и шаҳри Душанбе кори хешро шурӯъ намоянд. 

Зимнан зикр гардид, ки давраи омӯзишии мазкур аз як қисми лоиҳаи “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Душанбе” (Марҳилаи 2)  иборат буда, аз тарафи ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.