Дар остонаи ҷашни Наврӯз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар рушди кишвар саҳм доранд, кумаки молӣ расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳудуди 1 ҳазор нафар собиқадорон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз президенти кишвар дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ҳар кадоме кумаки пулӣ мегиранд.
Зимнан зикр гардид, ки ин кумаки сарвари давлат аллакай ба собиқадорони шаҳрҳои Исфараву Қӯрғонтеппа, чанде аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва навоҳи тобеи марказ дастрас шудааст.



