Боздошти шахси бовариноки «Мулло Абдулло» дар Екатеринбург

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Суҳроб Холов боздошт шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла роҳзаниву ғоратгарӣ (бандитизм) гумонбар медонанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Сведловск, дар доираи амалиёти фавриву пешгирии «Ҷустуҷӯ» кормандони шуъбаи Интерполи ин мақомот Суҳроб Холовро боздошт намудаанд, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Екатеринбурги Русия шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Суҳроб Холов боздошт шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла роҳзаниву ғоратгарӣ (бандитизм) гумонбар медонанд.

Бино ба

маълумоти

дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Сведловск, дар доираи амалиёти фавриву пешгирии «Ҷустуҷӯ» кормандони шуъбаи Интерполи ин мақомот Суҳроб Холовро боздошт намудаанд, ки тибқи дархости Тоҷикистон дар пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор дошта, дар ташкил ва иштирок дар ҳамлаҳои мусаллахона дар қаламрави Тоҷикистон айбдор карда мешавад. Ӯ дар манзили зисташ, ки ҳамроҳ бо оилааш зиндагӣ мекардааст, боздошт шудааст.

«Дар давраи аз соли 1996 то соли 2005 Холов дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша тахти сарварии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба «Мулло Абдулло» дар амалҳои мусаллаҳонаи ҷинояткоронаи ғасби амвол ва воситаҳои пулии шаҳрвандон иштирок доштааст, – таъкид мегардад дар маълумот. – Ҳамин тариқ, 18 июли соли 1996 ӯ дар қаламрави Тоҷикистон ба манзили як сокини маҳаллӣ ҳуҷум карда, Холов бо автомати Калашников соҳибхонаро захмӣ месозад ва амволу маблағи пулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА-ро ғоратгарони мусаллаҳ бо автомашинаи «КАМАЗ» бо худ мебаранд».

Дар маълумот зикр мегардад, ки 10 марти соли гузашта прокуратураи шаҳри Роғун нисбати Суҳроб Холов мутобиқи моддаҳои 186, қ 2 (Бандитизм, иштирок дар гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор ё дар  ҳуҷумҳои анҷоммедодаи он), моддаи 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Бино ба маълуомти Интерпол, боздоштшуда қаблан аз ҷониби суди Ржевски вилояти Свердловск барои сохтакории ҳуҷчатҳо маҳкум шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Холов ба ҳабс гирифта шуда, муҳлати истирдоди ӯ ба ватан мувофиқа мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.