Э.Раҳмон: Зиёиён ҳамеша соҳиби маҳбубияти хосанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқоти анъанавӣ бо зиёиёни кишвар ба олимон таҳияи Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050-ро пешниҳод намуд. Дар робита ба нақши зиёиён дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар сарвари давлат зимни суханрониаш қайд кард, ки «қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқоти анъанавӣ бо зиёиёни кишвар ба олимон таҳияи Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050-ро пешниҳод намуд.

Дар робита ба нақши зиёиён дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар сарвари давлат

зимни суханрониаш

қайд кард, ки «қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад ва гузашта аз ин, зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд».

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

Сарвари давлат ба нақши зиёиёни тоҷик дар амалисозии сиёсати ҳукумат баҳои баланд дода, аз онҳо даъват кард, ки барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Президенти кишвар ҳамчунин таъкид намуд, ки  вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёин аз саҳм гузоштан ба рушди маориф, илм, фарҳанг, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва рушди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборатанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.