Ҳузури президент дар тантанаҳои наврӯзӣ дар варзишгоҳи Хуҷанд



Шоми рӯзи 22 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони варзишгоҳи марказии «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» -и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлат дар варишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон», ки дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, дар намоишномаи театрикунонидашуда ба муносибати Иди байнулмилалии «Наврӯз» ҳузур дошт.

Дар ин намоишномаи идона беш аз 7 ҳазор нафар иштирок карда, устодони санъати шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба кори таҳиягарони намоишномаву ҳунарнамоии иштирокчиёни он ва устодони санъат баҳои баланд дод.

spot_imgspot_img

Популярное