Нахустин таблои электронӣ барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе нахустин таблои иттилоотӣ насб карда шуд. Чунин таҷҳизот ба таври озмоишӣ дар 25 истгоҳи хиёбони Рӯдакӣ насб шуда, ба мусофирон имкон медиҳанд, ки дар вақти воқеъӣ аз ҳозир шудани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи ин хатсайр огоҳ бошанд. Ҳамчунин ҳудуди 60 адад воситаҳои нақлиёт дар хатсайри троллейбуси №1 ва автобуси №3 бо дастгоҳи […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе нахустин таблои иттилоотӣ насб карда шуд. Чунин таҷҳизот ба таври озмоишӣ дар 25 истгоҳи хиёбони Рӯдакӣ насб шуда, ба мусофирон имкон медиҳанд, ки дар вақти воқеъӣ аз ҳозир шудани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи ин хатсайр огоҳ бошанд.

Ҳамчунин ҳудуди 60 адад воситаҳои нақлиёт дар хатсайри троллейбуси №1 ва автобуси №3 бо дастгоҳи GPS-навигатсия муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, ки ин низом бо маркази ягонаи идоракунӣ (диспетчерӣ) пайваст буда, фаъолияти тамоми навъҳои воситахои нақлиёти ҷамъиятиро танзиму идора мекунад.

Дар назар аст, ки ин иқдом ба беҳбуди назарраси сифати хизматгузориҳои операторони ин хатсайрҳо ва такмили назорат аз болои риояи реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» амалӣ мегардад, мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт шарики калидии ин лоиҳа буда, дар сурати натиҷаҳои пурсамар ба даст омадан аз лоиҳаи мазкур, чунин иқдомотро бо фарогирии ҳамаи воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ тавсеъа бахшиданист.

Мебояд гуфт, ки ин иқдом дар доираи амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад, мавриди озмоиш қарор мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.