Ифтитоҳи иншооти нав дар Қайроққум дар ҳузури сарвари давлат

Субҳи имрӯз боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум идома ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳри Қайроққум, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ба шумор меравад, як бинои истиқоматии бисёрошёна ва ду корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт. Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар шаҳри Қайроққум, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва истироҳатию фароғатии Тоҷикистон ба шумор меравад, як бинои истиқоматии бисёрошёна ва ду корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум нахуст як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ доданд,  ин бинои истиқоматӣ дорои 35 хонаи зебою барҳаво мебошад. 

Соҳибкорзани ташаббускор Турсуной Зокирова иттилоъ дод, ки дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бинои истиқоматиро бунёд намуда, бо дастгирӣ аз тадбирҳои башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад.

Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд. 

Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд.

Дар навбати дувум дар назди ширкати Фаровони шаҳри Қайроққум се коргоҳи нав  дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд, ки ташаббускори бунёди онҳо соҳибкори ватанӣ Исроилхӯҷа Самандаров мебошад.

Чунонки аён гардид, ин коргоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд. 

Коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар ин ҷо 9 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Дар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад,  истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад.

Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 м2 панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона аз зиёда аз 60 тонна метал конструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад.

Чунонки зикр гардид, дар се коргоҳи навбунёди ширкати Фаровон беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. 

Иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бевосита шинос шуд, корхонаи мурғпарварии Дӯстони соҳибкори маҳаллӣ Даврон Пӯлотов мебошад.

Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд.

Дар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд.

Ҳоло аз 5 бино (модул) 4 тояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст. 

Дар ин корхона то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. 


Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд.

Тавре аён мегардад, мардуми шаҳри Қайроққум ва ба хусус соҳибкорони боибтикори он дар раванди бунёдкорию созандагии кишвар аз сиёсати ободкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пайваста ба бозори дохилии кишвар маҳсулоти нав ба нави саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол ва пешниҳод менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.