Гирдиҳамоии эътирозии «Гурӯҳи 24» дар Истамбул

Нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Истамбул намоиши эътирозии ҷонибдорони созмони фаъолитяташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» доир гардид. Бино ба гуфтаи пешвои нави гурӯҳ Шарофиддин Гадоев, дар намоише, ки назди консулгарии генералии Тоҷикистион дар Истамбул баргузор шуд, беш аз 100 нафар гирдиҳам омадаанд. Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо худ аскҳои бузурги пешвои кушташудаи «Гурӯҳи 24» […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 24 март дар Истамбул намоиши эътирозии ҷонибдорони созмони фаъолитяташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» доир гардид. Бино ба гуфтаи пешвои нави гурӯҳ Шарофиддин Гадоев, дар намоише, ки назди консулгарии генералии Тоҷикистион дар Истамбул баргузор шуд, беш аз 100 нафар гирдиҳам омадаанд.

Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо худ аскҳои бузурги пешвои кушташудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ҳамчунин соҳибкор Зайд Саидов ва адвокат Шуҳрат Қудратовро бо худ доштанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳкум шуданд. Аз ҷониби гирдиҳамомадагон шиору даъватҳои гуногун алайҳи ҳукуматдорони вақти Тоҷикистон, аз ҷумла президенти кишвар садо доданд.

Ба гуфтаи Гадоев, намоиш муддати 2 соат идома ёфта, ҳеҷ яке аз кормандони консулгарии Тоҷикистон назди онҳо набаромадааст. «То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, консул ва дигар кормандони консулгарӣ ҳанӯз то соати 11 биноро тарк гуфта, дигар ба ҷойҳои кори худ то ҳоло ҳозир нашудаанд», – гуфтааст пешвои тозаинтихоби «Гурӯҳи 24».

Ёдрас мекунем, ки қаблан Сулаймон Қаюмов, гумонбаршуда дар куштори Умаралӣ Қувватов

изҳор дошт

, ки ӯ аз дасти муҳофизаш кушта шудааст. Ба навиштаи нашриёти туркии 

Hurriyet

, гумонбари асосӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов дар баёноти иборат аз 12 саҳифаи худ дар ин бора маълумот дод.

Умаралӣ Қувватов рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуда, ҷасади ӯ рӯзи 9 март дар ин кишвар

 ба хок супурда шуд.

  Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.