Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав бо 70 кило героин

Кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири мақомоти пулиси шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири героин дар автомашинаи сабукраваш боздошт намуданд. Бино ба иттилои хабаргузории “ NewsRu ”, боздоштшуда ба сафи яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба паҳну фурӯши маводи мухаддир дар шаҳр ва вилояти Маскав шомил будааст. […]

ASIA-Plus



Кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири мақомоти пулиси шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири героин дар автомашинаи сабукраваш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории “

NewsRu

”, боздоштшуда ба сафи яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба паҳну фурӯши маводи мухаддир дар шаҳр ва вилояти Маскав шомил будааст.

«Кормандони пулис аз ба Маскав омадани як узви гурӯҳи қочоқбар аз Душанбе маълумот дастрас намуда, баъди ба майдони ҳавоии Маскав фуруд омадани ҳавоапймо аз Душанбе, ӯро таҳти назорати шабонарӯзӣ қарор доданд. Пас аз гирифтани як миқдори маводи мухаддир дар ҷойи таъиншуда, ин қочоқбар дастгир шуд. Маводи мухаддир дар халтаҳо гирифта шуда, зери мева дар мошини сабукрав  пинҳон шуда буд. Вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 70 кило ва маблағи фурӯши он наздики 200 млн. рублро ташкил медиҳад», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, айни замон қочоқбар ба ҳабс гирифта шуда, тибқи қонунгузории Русия, барои ин ҷиноят аз 15 соли зиндон то ҳабси абадӣ пешбинӣ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.