Тоҷикистон дар «панҷгонаи пешсафон»-и кишварҳои минтақа оид ба сатҳи бемории сил

Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз сатҳҳои баландтарини гирифторӣ ба бемории сил миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи EurasiaNet хабар медиҳад. Дар гузориши «Мониторинги бемории сил дар соли 2015», ки аз ҷониби Маркази аврпуоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳия шудааст, дар ин робита […]

ASIA-Plus



Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз сатҳҳои баландтарини гирифторӣ ба бемории сил миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи EurasiaNet хабар медиҳад.

Дар гузориши «Мониторинги бемории сил дар соли 2015», ки аз ҷониби Маркази аврпуоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳия шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки аз рӯйи шумори гирифторӣ ба бемории сил ба ҳар сари аҳолӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба «панҷгонаи пешсафон»-и минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ шомиланд. Дар ин феҳрист Қирғизистон бо сатҳи 141 нафар бемор ба 100 ҳазор аҳолӣ зинаи дуюм, Қазоқистон бо 139 нафар беморони сил ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бо сатҳи 100 ҳазор нафар бемор ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ зинаи панҷумро ишғол мекунад. Ба ҳисоби миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ 39 нафар ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад.

Аз лиҳози маргумир аз бемории сил ба ҳар як сари аҳолӣ Туркманистон дар минтақа пешсаф аст, ки 25 ҳолати марг ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд. Дар панҷгонаи кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои бадтарин аз ин лиҳоз ҳамчунин Қирғизистон низ ҳузур дорад, ки ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 11 марг рост меояд.

Дар рӯйхати шумори мутлақи гирифторон бо ҳамаи навъҳои бемории сил низ Қазоқистону Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳарду мақоми сеюмро ишғол намуда, дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо 23 ҳазор нафар мубталоёни ин беморӣ ба сар мебаранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.