Кормандони хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Ӯши кишвари ҳамсояи Қирғизистон рӯзи 22 март се нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тариқи хатсайри ҳавоӣ ба Истамбул ва сипас аз он ҷо ба Сурия рафтанӣ будаанд, боздошт намуданд. Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии
12 news.uz
бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузории
«Интерфакс-Азербайджан»
, санаи 22 март дар фурудгоҳи Ӯш кормандони КДАМ сафари се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо кӯдакони ноболиғашонро ба Истамул ва минбаъд ба Сурияро пешгирӣ кардаанд.
«Ба иқрори онҳо, ба ин сафар ва пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» онҳоро як шахсе тариқи шабакаи иҷтимоии интернет даъват кардааст, ки дар минтақаи воқеъ дар марзи Сурияву Ироқ қарор доштааст», – гуфтаанд дар хадамоти махсус.
Гуфта мешавад, пас аз бозпурсӣ ин шахсон ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шудаанд.



