БОР: Афзоиши ММД-и Тоҷикистон дар соли 2015 то 4% коҳиш меёбад

Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) бар ин назаранд, ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст. «Бинобар сабаби надоштани имкони дастёбӣ ба роҳҳои баҳрӣ, маҳдудияти заминҳои кишт ва ҳамчунин заминаи нокофии истеҳсолӣ, Тоҷикистон аз таъсири омилҳои беруна осебпазир аст. Соли 2014 рушди иқтисод […]

Пайрав Чоршанбиев



Таҳлилгарони Бонки осиёгии рушд (БОР) бар ин назаранд, ки гуногун сохтани навъҳои иқтисод (диверсификатсия) ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ асоси пешгирии омилҳои таъсири манфии беруна ба иқтисоди Тоҷикистон аст.

«Бинобар сабаби надоштани имкони дастёбӣ ба роҳҳои баҳрӣ, маҳдудияти заминҳои кишт ва ҳамчунин заминаи нокофии истеҳсолӣ, Тоҷикистон аз таъсири омилҳои беруна осебпазир аст. Соли 2014 рушди иқтисод аз 7,4% то ба 6,7% поин рафта, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва содироти алюминий ва нахи пахта коҳиш ёфтанд», – таъкид мешавад дар гузориши иқтисодии солонаи БОР.

Дар гузориши «Чашмандози рушди Осиё 2015» БОР коҳиши афзоиши ММД-и Тоҷикистон то 4% дар соли 2015 ва 4,8% дар соли 2016-ро пешгӯӣ мекунад. Қобили зикр аст, ки рушди воқеъии ММД-и Тоҷикистон дар соли гузашта 6,7%-ро ташкил дод.

Дар гузориши БОР пешгӯӣ мешавад, ки соли 2015 сатҳи таваррум то 10% боло рафта, соли 2016 то ба 6,5-7% поин меравад. Соли 2014 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон – 6,1% ва соли 2013 – 5,1%-ро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)


иттилоъ дода буд,


ки вазъи мураккаби сиёсӣ дар дунё, ноустувории ҳолати сиёсию-иқтисодии кишварҳои шарикони савдо ва номуътадилии нархи маҳсулоти асосии содиротии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсири худро расонид.

Қаблан Бонки миллӣ иттилоъ дода буд, ки соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба андозаи 8,3% ё худ 300 млн. доллари ИМА кам шуда, дар маҷмӯъ 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш дар гузориши (бюллетен)-и Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Низоми пайгирии амнияти ғизойӣ дар Тоҷикистон»


қайд шуд,


ки афзоиши шумори муҳоҷирони кории ба ватан баргашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва амнияти ғизоии хонаводаҳои Тоҷикистон таъсир расонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.