Қирғизҳо аз таҷрибаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон истифода бурданианд

Зимни кори мизи гирди имрӯза дар Бишкек узви Шӯрои нозирони Ташаббуси шаффофият дар бахши сӯзишвориву энергетикаи назди Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, профессор Қалий Раҳимов ба мақомоти дахлдории энергетикии кишвараш истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро пешниҳод намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ояндаи хуб дорад. Ба андешаи […]

ASIA-Plus



Зимни кори мизи гирди имрӯза дар Бишкек узви Шӯрои нозирони Ташаббуси шаффофият дар бахши сӯзишвориву энергетикаи назди Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, профессор Қалий Раҳимов ба мақомоти дахлдории энергетикии кишвараш истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурдро пешниҳод намуда, изҳор доштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ояндаи хуб дорад.

Ба андешаи профессор, бунёди нерӯгоҳҳои хурд кори мушкиле набуда, айни замон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт мувофиқи мақсад аст. «Дар Тоҷикистон айни замон 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта мешавад, 5-то онро Бонки исломии рушд ва 3-тояшро ҳукумат маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин нерӯгоҳи пуриқтидори Роғун низ бунёд мегардад», – иброз доштааст ӯ.

Профессори қирғиз қайд кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ маблағ дарёфт мекунад. «Нерӯгоҳҳои хурдро дар зарфи ҳар ду-се сол метавон мавриди истифода қарор дод», – зикр кардааст номбурда.

Раҳимов гуфтааст, ӯ рӯзи 6 феврал ба Вазорати энергетка ва санаоти Қирғизистон бо масъалаи аз ҳисоби тарифҳо ҷудо кардани маблағ барои ин кор муроҷиат намудааст. «Моҳи апрел болоравии тарифҳо дар назар буд, биёед боз 10 тини дигар илова кунем, вале алҳол хомӯшему чизеро интизорем. Лекин чиро интизорем, нофаҳмо аст», – афзудааст профессор.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон, аввали соли равон шумори нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар ҷумҳурӣ 318 ададро ташкил додааст. Соли гузашта дар ин нерӯгоҳҳо дар маҷмӯъ 33,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 7 нерӯгоҳи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аммо аз нисф зиёди ин нерӯгоҳҳо (170 адад) дар мавсими тирамоҳу зимистон кор намекунанд. Дар Вазорат мегӯянд, чунин нерӯгоҳҳои хурд дар маконе сохта шудаанд, ки фасли тирамоҳу зимистон он ҷо барои фаъолияти нерӯгоҳҳо об кофӣ нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.