Кӯлоб пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эътироф гардид (АКСҲО)

Ҳамраиси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Михаил Швидкой дар саҳнаи амфитеатр дар боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло Сертификат дар бораи эътирофи шаҳри Кӯлоб ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015-ро супурд. Қабл аз ин муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои кишварҳои […]

Турко Дикаев



Ҳамраиси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Михаил Швидкой дар саҳнаи амфитеатр дар боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло Сертификат дар бораи эътирофи шаҳри Кӯлоб ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015-ро супурд.

Қабл аз ин муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои кишварҳои узви ИДМ Конибек Юсуфбеков Паёми табрикотии раиси Кумитаи мазкур Сергей Лебедевро қироат намуда, ҳамин тариқ чорабиниҳои идона ба муносибати ин маросим ва ҷашни Наврӯз оғоз ва дар консерти бошукӯҳ ҳунармандони Хори давлатии халқии русии ба номи Массалитинови Воронеж, Ансамбли миллии «Фалак»-и Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сурайё Қосимова ва дигар ҳунармандони шинохтаи Кӯлоб ва минтақа ширкат варзиданд.

Муовини раиси шаҳри Воронеж Надежда Савитская ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ҳамчун намояндагони бародаршаҳрҳо ба ҳозирин дар бораи рушди шаҳрҳояшон ва дурнамои хуби ҳамкориҳо ба туфайли таваҷҷуҳи ҳукуматҳои ҳарду кишвар маълумот доданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода меҳмонон ва ҳозиринро бо ин маросим ва ҳамчунин ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, ҳамтоёни русиягии худро ба ҳамкории бештар натанҳо дар соҳаи фарҳанг, балки дар бахши иқтисод низ даъват намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.