Хуҷанд: Корманди милиса аз суиқасди як зан ба худкушӣ пешгирӣ кард

Корманди Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар  шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Парвизҷон Ёқубов ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода, нимаи дуюми рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо мақсади суиқасд ба худкушӣ худро аз болои пули дарёи «Сир» ба поин партофта буд, аз ғарқшавӣ наҷот дод. […]

ASIA-Plus



Корманди Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар  шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Парвизҷон Ёқубов ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода, нимаи дуюми рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо мақсади суиқасд ба худкушӣ худро аз болои пули дарёи «Сир» ба поин партофта буд, аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарфи назар аз сардии оби дарё, Парвизҷон Ёқубов, дарҳол худро аз паси зан ба об партофта, дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин ӯро аз хатари ғарқшавӣ эмин ва аз марг наҷот додааст.

Гуфта мешавад, раҳбарияти ин шуъбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қадрдонии ин рафтори наҷибонаи корманди ҷавони милиса омодагӣ мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.