Коҳиши воридоти маҳсулоти муҳимтарин ба Тоҷикистон

Тӯли 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 9 млн. доллари ИМА ҳудуди 22 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 40 % (2 моҳи соли 2014 – 36,8 ҳазор тонна ба маблағи каме бештар аз 15 млн. $) камтар аст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 9 млн. доллари ИМА ҳудуди 22 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 40 % (2 моҳи соли 2014 – 36,8 ҳазор тонна ба маблағи каме бештар аз 15 млн. $) камтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, дар баробари орд имсол ҳаҷми воридоти гандум низ коҳиш меёбад, ҳарчанд давоми соли 2014 дар пайи коҳиши воридоти орд, тамоили афзоиши воридоти гандум ба мушоҳида мерасид.

Тибқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31,5 млн. доллари ИМА 108 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ду моҳи соли 2014 аз рӯи ҳаҷм 10,6% ва аз рӯи арзиш 13,2% (2 моҳи соли 2014 – 121,7 ҳазор тонна ба маблағи 36,3 млн. $) камтар аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки орд ва дигар зироати ғалладона яке аз маҳсулоти ғизойии муҳимтарини воридотии Тоҷикистон шуморида мешаванд. Зимнан зикр гардид, ки давоми 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба орди гандум дар бозорҳои ҷумҳурӣ устувор боқӣ мондаанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 2 моҳи соли 2014 ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 22% – то 466 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.