Имомхатибон дар намози ҷумъа ба манъи фаъолияти ҲНИТ даъват мекунанд?



Дар намози ҷумъаи имрӯза дар масҷидҳои кишвар аз даъвати имомхатибон ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Матни мавъизаи дахлдор дар ин хусус дар намози ҷумъаи имрӯза иборат аз 3,5 саҳифа бо имзои шахсе бо ному насаби А.В.Мавлонов дар ихтиёри «Азия-Плюс қарор гирифт.

Тавсия дода мешавад, ки мавъизаи намози ҷумъа бо гуфтаҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз даъватҳо ба ваҳдату сулҳ иборат будани рисолати дин дар ҷомеа, на ҷудоиандозӣ миёни мусалмонон оғоз гардад.

Дар мавъизаи имрӯза имомхатибон аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии гузашта ёдовар шуда, таъкид месозанд, ки мардум интихоби дуруст кард: «Мардум ҳизберо интихоб намуд, ки фаъолияти онро бо чашмони худаш дид. Мардум ба ҷонибдории ҳизби исломӣ ё дигар аҳзоб, ки танҳо ваъдаи хушку холӣ медиҳанд, раъй надод. Мардум худаш ҳамаро дарк кард. Бохти ҳизби исломӣ гувоҳи он аст, ки ба ҷуз чанде аз тарафдоронашон, дигар касе онҳоро дастгирӣ намекунад».

Дар идома аз Афғонистону Украина ва дигар кишварҳо мисол оварда мешавад: «Мо медонем, ки дар Афғонистон 28 ҳизби «исломӣ» вуҷуд дорад. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳо танҳо худашро эътироф мекунад. Дар кишварҳои бисёрҳизбие чун Покистону Миср, Сурия ва Либия, Ироқу Тунис ихтилофоти гуногун рӯйи кор омада, дар натиҷа ҷангу хунрезӣ шурӯъ шуд ва чандин шаҳрҳо тахриб шуданд. Ҳамчунин дар Украина гурӯҳе арзи ҳастӣ намуд, ки таҳти шиори демократияи воқеъӣ мардуми фиребхӯрдаро ба гирдоби бало ва ғаму кулфат кашид».

Муаллифи мавъиза даъват мекунад, ки набояд солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистонро фаромӯш сохт: «Имрӯз мо аллакай медонем, ки кадом касоневу нерӯҳое мардумро ба майдондорӣ даъват карданд ва танҳо бо талошҳои президенти кишвар сулҳу ризоият дар ҷомеа барқарор шуд».

Дар идомаи матн ошкоро ба барҳам додани ҲНИТ даъват мешавад: «Интихоботи парлумонӣ нишон дод, ки мардум ба ҲНИТ эҳтиёҷ надорад. Аз ин рӯ, ман бастани ҲНИТ-ро пешниҳод мекунам. Шукри Худо, мо мусулмонем ва ҳаминаш барои мо кофист, мо ба ҳизби исломӣ ниёз надорем».

«Биёед ҳамроҳ аз ҳукумати кишвар дархост мекунем, ки бо роҳи қонунӣ фаъолияти ҳизби мазкурро манъ созад. Шояд раъйпурсӣ гузаронанд, ки дар он мардум ба ҷонибдории ба ҳизби «исломӣ» ниёз надоштанаш овоз диҳад», – гуфта мешавад дар мавъиза.

spot_imgspot_img

Популярное