Таъсиси ҳудуди 20 ҳазор ҷойи нави корӣ дар зарфи 2 моҳ

Дар зарфи 2 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 4,2 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 21,9%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Агентии […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 2 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 4,2 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 21,9%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Агентии мазкур 19 ҳазору 155 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри дарёфти кор муроҷиат кардаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли равон беш аз 1,9 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 706,1 ҳазор сомонӣ (132,2 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Зимнан зикр гардид, ки тайи 2 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 19,2 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 28,6 % зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.