Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ барои хонандагони боистеъдод



Тобистони имсол хонандагони  боистеъдоди  синфҳои 10 аз саросари давлатҳои  Осиёи Марказӣ имконияти шомил шудан ба барномаи ғанигардонии донишро доранд, ки аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ташкил карда мешавад.

Дар иттилоияи расмии ДОМ дар ин робита зикр мегардад, ки истироҳатгоҳи  тобистонаи  ДОМ  аз  17 июн то 7 июл  дар  Осоишгоҳи Синегоре дар соҳили кӯли Иссиқ-Kӯли Ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор мегардад. Ин бошишгоҳи  зебо  бо як  силсила  фаъолиятҳои зарурӣ барои  омода  кардани хонандагон  барои  дохилшавӣ ба донишгоҳ равона карда шудааст. Тамоми фаъолиятҳо аз тарафи як гурӯҳи  байналмилалии омӯзгорони касбӣ ва  таҷрибадор ва  мушовирони истироҳатгоҳ бо таъмин намудани таносуби як бар панҷи кормандон ва хонандагон гузаронида мешавад.

 “Истироҳатгоҳи мазкур ин як бахши стратегии Донишгоҳ бо мақсади муайян намудан ва пешакии фаро гирифтани хонандагони боистеъдоди синфҳои болоӣ барои таҳсил ба компуси аввалаи шаҳраки Норин дар соли 2016 мебошад, –  шарҳ  дод доктор Ориф Карча, декани ДОМ оид ба  корҳои таълимӣ.  

Ӯ инчунин изҳор дошт, ки:  “тавассути ин истироҳатгоҳ мо умедворем, ки ба хонандагон илҳоми тоза  барои дохил шудан ба ДОМ  ва ё бо муваффақият интихоб намудани дигар донишгоҳҳои олӣ чӣ дар минтақа ва дар хориҷи кишвар кӯмак намоем”.

Истироҳатгоҳ  тасмим гирифтааст, ки сатҳи дониши хонандагонро аз фанҳои забони англисӣ ва риёзӣ ба сатҳи рақобатпазирӣ дар арсаи байналмилалӣ расонида,  имконияти  таҳсили хонандагонро дар донишгоҳҳои дорои меъёрҳои  умумиҷаҳонӣ таъмин намояд. Онҳо ҳамчунин  маълумотҳои иловагӣ  ва маводҳои зарурӣ  барои омода шудан барои дохилшавӣ ба донишгоҳ дастрас мекунанд.

Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ-ин бошишгоҳи се ҳафтаинаи таълимӣ бо таъмини манзилгоҳ ва бо мақсади такмил додани  сатҳи дониши хонандагони синфҳои даҳум, бошандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон  ва Қазоқистон мебошад. Барои дохил шудан, хонандагони шавқманд бояд аз имтиҳони кӯтоҳ аз забони англисӣ, риёзӣ ва супоришҳои мантиқӣ гузаранд. Имтиҳонҳои дохилшавӣ 28, 29 март ва 4, 5, 11,12 апрели соли 2015 гузаронида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное