Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ барои хонандагони боистеъдод

Тобистони имсол хонандагони  боистеъдоди  синфҳои 10 аз саросари давлатҳои  Осиёи Марказӣ имконияти шомил шудан ба барномаи ғанигардонии донишро доранд, ки аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ташкил карда мешавад. Дар иттилоияи расмии ДОМ дар ин робита зикр мегардад, ки истироҳатгоҳи  тобистонаи  ДОМ  аз  17 июн то 7 июл  дар  Осоишгоҳи Синегоре дар соҳили кӯли Иссиқ-Kӯли […]

Иттилоияи расмӣ



Тобистони имсол хонандагони  боистеъдоди  синфҳои 10 аз саросари давлатҳои  Осиёи Марказӣ имконияти шомил шудан ба барномаи ғанигардонии донишро доранд, ки аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ташкил карда мешавад.

Дар иттилоияи расмии ДОМ дар ин робита зикр мегардад, ки истироҳатгоҳи  тобистонаи  ДОМ  аз  17 июн то 7 июл  дар  Осоишгоҳи Синегоре дар соҳили кӯли Иссиқ-Kӯли Ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор мегардад. Ин бошишгоҳи  зебо  бо як  силсила  фаъолиятҳои зарурӣ барои  омода  кардани хонандагон  барои  дохилшавӣ ба донишгоҳ равона карда шудааст. Тамоми фаъолиятҳо аз тарафи як гурӯҳи  байналмилалии омӯзгорони касбӣ ва  таҷрибадор ва  мушовирони истироҳатгоҳ бо таъмин намудани таносуби як бар панҷи кормандон ва хонандагон гузаронида мешавад.

 “Истироҳатгоҳи мазкур ин як бахши стратегии Донишгоҳ бо мақсади муайян намудан ва пешакии фаро гирифтани хонандагони боистеъдоди синфҳои болоӣ барои таҳсил ба компуси аввалаи шаҳраки Норин дар соли 2016 мебошад, –  шарҳ  дод доктор Ориф Карча, декани ДОМ оид ба  корҳои таълимӣ.  

Ӯ инчунин изҳор дошт, ки:  “тавассути ин истироҳатгоҳ мо умедворем, ки ба хонандагон илҳоми тоза  барои дохил шудан ба ДОМ  ва ё бо муваффақият интихоб намудани дигар донишгоҳҳои олӣ чӣ дар минтақа ва дар хориҷи кишвар кӯмак намоем”.

Истироҳатгоҳ  тасмим гирифтааст, ки сатҳи дониши хонандагонро аз фанҳои забони англисӣ ва риёзӣ ба сатҳи рақобатпазирӣ дар арсаи байналмилалӣ расонида,  имконияти  таҳсили хонандагонро дар донишгоҳҳои дорои меъёрҳои  умумиҷаҳонӣ таъмин намояд. Онҳо ҳамчунин  маълумотҳои иловагӣ  ва маводҳои зарурӣ  барои омода шудан барои дохилшавӣ ба донишгоҳ дастрас мекунанд.

Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ-ин бошишгоҳи се ҳафтаинаи таълимӣ бо таъмини манзилгоҳ ва бо мақсади такмил додани  сатҳи дониши хонандагони синфҳои даҳум, бошандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон  ва Қазоқистон мебошад. Барои дохил шудан, хонандагони шавқманд бояд аз имтиҳони кӯтоҳ аз забони англисӣ, риёзӣ ва супоришҳои мантиқӣ гузаранд. Имтиҳонҳои дохилшавӣ 28, 29 март ва 4, 5, 11,12 апрели соли 2015 гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.