Боздошти 4 нафар дар пойтахт ба гумони фурӯши ёқути 30-грамма



Рӯзи 27 март дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия 4 нафар мард: сокинони 58, 51 ва 30-солаи шахри Душанбе ва ҳамчунин сокини 42-солаи шаҳри Хоруғро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон 30 грамм сангҳои қимматбаҳои «ёқут» ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ, ки барои фурӯш баровардаанд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное