Маводи ТВ Русия оид ба ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба сафҳои ДИИШ дар Екатеринбург

Дар навори шабакаи телевизиони русиягии «Тсарград» (Царьград) изҳор мегардад, ки миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург видеороликҳои сабтшуда дар Ироқу Сурия паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷиронро бо ваъдаи маблағи зиёди пуливу «ҳаёти беғам дар қаламрави Халифат» ба пайвастан ба ҷиҳод даъват мекунанд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ин шабакаи телевизионӣ, пешво ва таблиғгари ҷангиёни […]

ASIA-Plus



Дар навори шабакаи телевизиони русиягии «Тсарград» (Царьград) изҳор мегардад, ки миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург видеороликҳои сабтшуда дар Ироқу Сурия паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷиронро бо ваъдаи маблағи зиёди пуливу «ҳаёти беғам дар қаламрави Халифат» ба пайвастан ба ҷиҳод даъват мекунанд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ин шабакаи телевизионӣ, пешво ва таблиғгари ҷангиёни тоҷик шахсе бо номи Умар аст, ки соли 2012 дар бозори Таганка дар Екатеринбург машғули кор буда, айни замон дар сафи нерӯҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Ироқ меҷангад.

Шабакаи телевизионӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳаммаслакони Умар ба ҷалби муҳоҷирони тоҷике, ки дар бозори марказӣ кор мекунанду барои ибодат ба масҷид мераванд, идома медиҳад.

Гуфта мешавад, афроди ҷалбшуда аз Русия нахуст ба Туркия рафта, сипас дар давлати Аморати Муттаҳидаи Араб дар давраи омӯзишу тамрини ҷанговарони ҷавон таълим мегиранд ва баъд ба Ироқу Сурия интиқол дода мешаванд. Дар ин наворҳои видеоӣ ҷангиён ошкор изҳор мекунунд, ки ҳадафи минбаъдаи онҳо Чеченистон, яъне Қафқози Шимолӣ аст. Дар наворҳо ҳамчунин ҷангиён аз Тоҷикистон нишон дода мешаванд, аҳолии маҳаллиро ба ҷиҳод – «ҷанг бо беимонҳо» даъват мекунанд.

Тибқи маълумоти шабакаи телевизонӣ, ҳамин тавр ҷангиёни аз ҳама бештар таҷрибаандӯхтаи ДИИШ сипас ба ватан бармегарданд, то ки фаъолияти гурӯҳҳои пинҳонкори маҳаллиро ба роҳ монанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон ба аввали моҳи январи соли ҷорӣ, ҳудуди 300 нафар тоҷикон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, 50 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо ба иттилои худи ҷангиён, айни замон аз Тоҷикистон дар сафҳои Халифат 1000 нафар меҷанганд ва 500 нафари онҳо фавтидаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=jFAshy0j-VU

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.