Маводи ТВ Русия оид ба ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба сафҳои ДИИШ дар Екатеринбург



Дар навори шабакаи телевизиони русиягии «Тсарград» (Царьград) изҳор мегардад, ки миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург видеороликҳои сабтшуда дар Ироқу Сурия паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷиронро бо ваъдаи маблағи зиёди пуливу «ҳаёти беғам дар қаламрави Халифат» ба пайвастан ба ҷиҳод даъват мекунанд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ин шабакаи телевизионӣ, пешво ва таблиғгари ҷангиёни тоҷик шахсе бо номи Умар аст, ки соли 2012 дар бозори Таганка дар Екатеринбург машғули кор буда, айни замон дар сафи нерӯҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Ироқ меҷангад.

Шабакаи телевизионӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳаммаслакони Умар ба ҷалби муҳоҷирони тоҷике, ки дар бозори марказӣ кор мекунанду барои ибодат ба масҷид мераванд, идома медиҳад.

Гуфта мешавад, афроди ҷалбшуда аз Русия нахуст ба Туркия рафта, сипас дар давлати Аморати Муттаҳидаи Араб дар давраи омӯзишу тамрини ҷанговарони ҷавон таълим мегиранд ва баъд ба Ироқу Сурия интиқол дода мешаванд. Дар ин наворҳои видеоӣ ҷангиён ошкор изҳор мекунунд, ки ҳадафи минбаъдаи онҳо Чеченистон, яъне Қафқози Шимолӣ аст. Дар наворҳо ҳамчунин ҷангиён аз Тоҷикистон нишон дода мешаванд, аҳолии маҳаллиро ба ҷиҳод – «ҷанг бо беимонҳо» даъват мекунанд.

Тибқи маълумоти шабакаи телевизонӣ, ҳамин тавр ҷангиёни аз ҳама бештар таҷрибаандӯхтаи ДИИШ сипас ба ватан бармегарданд, то ки фаъолияти гурӯҳҳои пинҳонкори маҳаллиро ба роҳ монанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон ба аввали моҳи январи соли ҷорӣ, ҳудуди 300 нафар тоҷикон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, 50 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо ба иттилои худи ҷангиён, айни замон аз Тоҷикистон дар сафҳои Халифат 1000 нафар меҷанганд ва 500 нафари онҳо фавтидаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=jFAshy0j-VU

spot_imgspot_img

Популярное