Муаррифии меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ дар Душанбе

Рӯзи 27 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ, намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд. […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ, намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ аз тарафи Агентӣ муаррифинома оиди меъёрҳои арзёбии самаранокии фаъолияти кормандон намоиш дода шуд. Пас аз он байни иштирокчиёни вохӯрӣ мубодилаи афкор ва таҷриба оиди масъалаи меъёрҳо ва методикаи арзёбии фаъолияти идораҳои зиддимухаддиротӣ ба вуқӯъ пайваст.

Гуфта мешавад, роҳбари Агентӣ самаранокии мавзӯи муҳокимашавандаро қайд намуда, пешниҳод намуд, ки ин гуна вохӯриҳо бо иштироки коршиносон давом дода шавад, инчунин моҳи апрели соли ҷорӣ мизи мудаввари дуюм оиди масъалаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҶТ ташкил карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, инчунин пешниҳод гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо шарикон меъёрҳои умумии арзёбии фаъолияти ҳамаи идораҳои зиддимухаддиротии минтақа таҳия карда шаванд.

Қайд мешавад, ки намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҷрибаи истифодаи меъёрҳои арзёбии фаъолияти АНМН-ро мусбӣ баҳо дода, қайд намуданд, ки таҷрибаи мазкур дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа истифода бурда намешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳияи лоиҳа оид ба меъёрҳои арзёбии фаъолияти сохторҳои дигари зиддимухаддиротӣ имкон медиҳад, ки фаъолият дар масъалаи ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дар минтақа воқеӣ ва объективона арзёбӣ карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.