Шабдолов: Ба пинҳонкорӣ водор кардани ҲНИТ беназокатӣ аст



– Ман ҳамчун пешвои ҳизби сиёсие, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамеша алайҳи ақидаву ҳадафҳои он беамон мубориза мебурду мебарад, бар ин назарам, ки манъи фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ ва мавриди таъқиб қарор додани аъзои он, ба оқибатҳои фоҷебаор боис шуда метавонад, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, сиёсатмадор ва коршиноси шинохта тоҷик Шодӣ Шабдолов.

Дар ин робита ӯ қайд кард, ки дар воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон сиёсатмадорони дорои андешаи солим дарк мекунанд, ки ба фаъолияти махфӣ водор намудани ҲНИТ беназокатӣ аст, ки метавонад ба аз даст рафтани назорати аъзои он аз ҷониби пешвоёни худи ҳизб оварда расонад.

«Имрӯз истифодаи истилоҳи «ҳизби сиёсӣ» маъмул шудааст, ки ба акасрият нофаҳмо аст, аммо ислом ҳамчун дину идеология ҳамеша сиёсӣ буд, зеро аз замони арзи ҳастӣ карданаш барои ҳукуматдориву таҳкими идеологияи худ мубориза мебурд», – гуфт ӯ.

Шабдолов таъкид дошт, ки дар воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистон, замоне, ки ҲНИТ дунявияти давлатдории тоҷиконро эътироф намуда, гурӯҳҳои мусаллаҳи он пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳу ризоият дар соли 1997 аслиҳаашонро канор гузоштанд, чунин муносибат бо ин нерӯ аз рӯи инсоф набуда, кӯшишҳои манъи фаъолияти он воқеъӣ нестанд.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд бифаҳманд, ки манъ кардани идеология, бигзор он коммунистӣ ё исломӣ бошад, ғайриимкон аст ва дар чунин ҳолатҳо танҳо як роҳ – ҳамкорӣ боқӣ мемонад», – чунин мешуморад сиёсатмадор.

Ба андешаи ӯ, ҳама гуна навъ террористону ифротгароён дар ҷаҳон идеологияи муътақид сохтани худро надоранд, «онҳо танҳо нерӯву иқтидорро эътироф мекунанд ва маҳз фаъолияти чунин нерӯҳоро мебояд манъ кард ва бо онҳо мубориза бурд».

spot_imgspot_img

Популярное