– Бахшҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пас аз ҳолати шадиди эҳсосотӣ (шок), ки пас аз интихобот ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ онҳоро фаро гирифта буд, тадриҷан ба худ омада, ба корҳои рӯзмарраи ҳизбӣ машғуланд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.
«Барои ман натиҷаҳои интихобот ғайриинтизор набуданд ва ҳамсафонам дар ҳизбро ман дар ин бора огоҳ карда будам. Шояд аксари онҳо бовар надоштанд, ки ҳукуматдорон барои онҳо «туҳфаи ногаҳонӣ» (сюрприз) омода кардаанд», – гуфт раиси ҲКТ.
Ӯ таъкид намуд, ки хеле пештар аз интихобот дар минтақаҳои кишвар ва шаҳри Душанбе шахсони ба долонҳои ҳукумат дастрасидошта ба ӯ хабар додаанд, ки бо дастури доираҳои ҷудогона Ҳизби коммунист дар интихобот бояд 2%-и раъй касб намояд.
«Ман дар ин хусус ба раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён хабар додам, вале ӯ моро хотирҷамъ намуда, изҳор дошт, ки ин овозаҳои афроди бадхоҳ нисбати ҳукумат аст, вале дар амал он чӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар борааш маро огоҳ карда буданд, яъне ҲКТ каме бештар аз 2%-и овози интихобкунандагонро ба даст овард», – гуфт Шабдолов.
Дар робита ба нақша ва муносибатҳои минбаъдаи ҳизб нисбат ба ҳукумат Шабдолов таъкид дошт, ки онҳо бетағйир боқӣ хоҳанд монд, яъне ҳимоя аз манфиатҳои мардуми заҳматкаш ва мубориза барои таъмини адолати иҷтимоӣ.
«Роҳи моро ҳанӯз қариб сад сол қабл Октябри Кабир муайян кард, ки куллан таърихи ҷаҳон ва тақдири халқҳоро дигаргун карда буд ва мо ҳеҷ гоҳ аз ин роҳи пешгирифта берун нахоҳем рафт», – қайд кард пешвои коммунистон.
Шабдолов ҳамчунин таъкид кард, ки ӯ ва ҳамсафонаш дар ҳизб ҳеҷ гоҳ назди касе сар хам накардаву назди ҳукмронони имрӯзи кишвар сари зону намеистанд, то ки ба якчанд курсии парлумонӣ соҳиб шаванд.
«Мо минбаъд низ ошкоро назари худро аз рӯи тамоми масоили муҳим барои ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсати ҳукуматдорон дар бахшҳои гуногун иброз хоҳем дошт», – афзуд Шабдолов.



