Коммунистон аз «шок»-и баъди интихобот ба худ меоянд

– Бахшҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пас аз ҳолати шадиди эҳсосотӣ (шок), ки пас аз интихобот ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ онҳоро фаро гирифта буд, тадриҷан ба худ омада, ба корҳои рӯзмарраи ҳизбӣ машғуланд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов. «Барои ман натиҷаҳои […]

Аваз Юлдошев



– Бахшҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пас аз ҳолати шадиди эҳсосотӣ (шок), ки пас аз интихобот ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ онҳоро фаро гирифта буд, тадриҷан ба худ омада, ба корҳои рӯзмарраи ҳизбӣ машғуланд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

«Барои ман натиҷаҳои интихобот ғайриинтизор набуданд ва ҳамсафонам дар ҳизбро ман дар ин бора огоҳ карда будам. Шояд аксари онҳо бовар надоштанд, ки ҳукуматдорон барои онҳо «туҳфаи ногаҳонӣ» (сюрприз) омода кардаанд», – гуфт раиси ҲКТ.

Ӯ таъкид намуд, ки хеле пештар аз интихобот дар минтақаҳои кишвар ва шаҳри Душанбе шахсони ба долонҳои ҳукумат дастрасидошта ба ӯ хабар додаанд, ки бо дастури доираҳои ҷудогона Ҳизби коммунист дар интихобот бояд 2%-и раъй касб намояд.

«Ман дар ин хусус ба раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён хабар додам, вале ӯ моро хотирҷамъ намуда, изҳор дошт, ки ин овозаҳои афроди бадхоҳ нисбати ҳукумат аст, вале дар амал он чӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар борааш маро огоҳ карда буданд, яъне ҲКТ каме бештар аз 2%-и овози интихобкунандагонро ба даст овард», – гуфт Шабдолов.

Дар робита ба нақша ва муносибатҳои минбаъдаи ҳизб нисбат ба ҳукумат Шабдолов таъкид дошт, ки онҳо бетағйир боқӣ хоҳанд монд, яъне ҳимоя аз манфиатҳои мардуми заҳматкаш ва мубориза барои таъмини адолати иҷтимоӣ.

«Роҳи моро ҳанӯз қариб сад сол қабл Октябри Кабир муайян кард, ки куллан таърихи ҷаҳон ва тақдири халқҳоро дигаргун карда буд ва мо ҳеҷ гоҳ аз ин роҳи пешгирифта берун нахоҳем рафт», – қайд кард пешвои коммунистон.

Шабдолов ҳамчунин таъкид кард, ки ӯ ва ҳамсафонаш дар ҳизб ҳеҷ гоҳ назди касе сар хам накардаву назди ҳукмронони имрӯзи кишвар сари зону намеистанд, то ки ба якчанд курсии парлумонӣ соҳиб шаванд.

«Мо минбаъд низ ошкоро назари худро аз рӯи тамоми масоили муҳим барои ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсати ҳукуматдорон дар бахшҳои гуногун иброз хоҳем дошт», – афзуд Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.