Русия ҷиҳати мусоидат ба хурӯҷи тоҷикистониён аз Яман омода аст

Сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати мусоидат ба хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Намояндаи доимии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки  бо мақсади иҷрои дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагиҳои дипломатии ҶТ дар хориҷи кишвар оид ба андешидани тамоми тадбирҳои дастрас баҳри аз Ямани бо ҷангу […]

ASIA-Plus



Сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати мусоидат ба хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд.

Намояндаи доимии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ки  бо мақсади иҷрои дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагиҳои дипломатии ҶТ дар хориҷи кишвар оид ба андешидани тамоми тадбирҳои дастрас баҳри аз Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифта берун бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Русия низ чораҷӯӣ мекунад.

«Аллакай таҳти роҳбарии сардори Хадамоти консулгарии сафорат Ашраф Гулов ситод ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он чанде аз кормандони масъули намояндагии дипломатӣ шомил гардиданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо сохторҳои дахлдор, дар маҷмӯъ Русия ба баррасии дархости Тоҷикистон дар ин хусус омодагӣ изҳор намуда, посухи мусбат дод», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Эгамзод, дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.

«Гузашта аз ин, таҷриба гувоҳи он аст, ки дар чунин ҳолатҳо миёни кишварҳои мо анъанаи неки дастгирии ҳамдигарӣ вуҷуд дорад. Мо ба хубӣ дар хотир дорем, ки дар оғози амалиёти низомӣ дар Сурия бо дархости ҳукумати мо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҳамроҳ бо шаҳрвандони худ шаҳрвандони кишвари моро ҳам аз он ҷо хориҷ карда буд», – қайд кард дипломати тоҷик.

Дар назар аст, ки имрӯз, 30 март сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар ҷараёни вохӯрии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои узви СААД ва намояндагони доимии он дар ин созмон аз вазири рус дархост хоҳад кард, ки ба ҳалли ин масъала кумак расонида шавад.

Қобили зикр аст, ки аксари табибони тоҷик бо кумаки ширкатҳои русиягӣ, ки ба таъмини мутахассисон бо ҷойҳои корӣ дар хориҷи кишвар машғуланд, ба Яман фиристода шудаанд.

Дар ин робита сафорат ҳамчунин ба ҳамаи ҳамватанон дар Русия муроҷиат мекунад, ки агар дар бораи макони будубоши хешону наздикон, шиносҳо ва дӯстонашон дар Яман маълумот дар даст дошта бошанд, ба ситоди сафорати ҶТ дар Русия бо телефонҳои: +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02. Факс: +7 (495) 691-89-98, e-mail:

[email protected]

дар ин хусус хабар диҳанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.