Аслов аз минбари СММ оид ба мушкилоти оби минтақа ҳарф зад



Маркази иттилооти СММ


иттилоъ медиҳад


, ки зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муколамаи интерактивии сатҳи баланд бахшида ба 10-умин солгарди Даҳсолаи байнулмилалии амали «Об барои ҳаёт» (2005-2015) дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки танҳо 58,5%-и аҳолии минтақа ба сарчашмаҳои оби нӯшокии сифати хуб дастрасӣ доранд.

Ба гуфтаи С.Аслов, ҳудуди 30%-и аҳолии минтақа бо иншооти беҳтаршудаи поккорӣ таъминанд. «Тоҷикистон то 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад, ки аз мушкилоти «об» канор монда натавонист. «Вазъи номусоид бахусус дар манотиқи деҳот мавҷуд аст, ки танҳо нисфи аҳолӣ бо оби ошомидании бехатар таъмин мебошад», – қайд кардааст вазир.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввали дабири кулли СММ Ян Элиассон дар ин робита қайд кард, ки дар партави хатари норасоии об ва шиддатнокии геополиткии вазъ вобаста ба он, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба марҳилаи нави «гидродипломатия» ворид гардад.

«Норасоии об ба фоҷеаҳои шахсӣ боис мегардад, вале тадриҷан ба хатар ба суботи байнулмилалӣ ва амният низ табдил меёбад, – огоҳ кардааст Элиассон. – Имрӯз ба «гидродипломатия» ниёз ба вуҷуд омадааст: ба ҷойи сарчашмаи низоъҳо будан норасоии об бояд як ҳавасамандӣ ба ҳамкорӣ шавад».

Ҷиддӣ будани мушкилоти обро маълумоти гузориши ахири ЮНЕСКО низ тасдиқ мекунанд, ки дар он гуфта мешавад, агар дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об тағйироти куллӣ сурат нагирад, соли 2030 захираҳои об 40 коҳиш ёфта, нимаи аср аз ду баробар афзоиши талабот ба об эҳтимол меравад.

Ян Элиассон муътақид аст, ки роҳи раҳоӣ аз ин ҳолат ҳамкории байнулмилалӣ аст. «Истифодаи муштараки захираҳои об ҳамеша ба таҳкими робитаҳо миёни кишварҳо мусоидат мекунанд. Ба ҷойи онро ҳамчун мушкилот пазируфтан, мо бояд дар ҳамкорӣ роҳи ҳалли имконпазири онро бубинем ва ба гидродипломатияи инноватсионии серамал густариш бахшем», – иброз доштааст муовини дабири кулли СММ.

Бино ба маълумоти СММ, дар миқёси глобалӣ соли 2030 аз  ду се ҳиссаи аҳолии Сайёра аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид.

spot_imgspot_img

Популярное