ВКХ: Аксари табибони тоҷик ба тарк кардани Яман хоҳиш надоранд

Аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ айни замон ба масъалаи кӯчонидани шаҳрвандони тоҷики дар Яман қарордошта […]

Пайрав Чоршанбиев



Аксари табибони тоҷики машғули кор дар Яман ба тарк кардани ин кишвар хоҳиш надоранд, зеро аз шароити мавҷуда дар он ҷо комилан розианд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ айни замон ба масъалаи кӯчонидани шаҳрвандони тоҷики дар Яман қарордошта машғуланд.

«Аксари табибони мо дар манотиқи деҳот кор мекунанд, ки аз макони даргириҳои мусаллаҳона хеле дуртар ҷойгиранд. Тариқи телефон онҳо ба кормандони сафорати мо хабар додаанд, ки барои саломативу ҳаёти худ ҳеҷ хатаре эҳсос намекунанд ва аз кори худ қаноатманд буда, саривақт музди меҳнаташонро дастрас менамоянд. Аз ин рӯ, хостори идомаи кор дар Яман мебошанд», – гуфт намояндаи ВКХ ҶТ.

А.Атоев дар идома зикр кард, ки дар ҳамдастӣ бо Русия рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба кӯчидан ниёз доранд, таҳия карда мешавад. «Барои кӯчонидани шаҳрвандони ниёзманди кишвар ба ватан ё ба макони амну бехатар, масалан ба Арабистони Саудӣ мо аз тамоми имконот истифода мекунем. Бисёре аз табибони моро бо ҷойи корӣ дар Яман ширкатҳои русиягӣ таъмин намудаанд ва барои таъмини амнияти онҳо масъулият ҳис мекунанд», – таъкид дошт номбурда.

Дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарк кардани Яман ҳастанд, аз Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти саҳеҳ дастрас нашуд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки сохторҳои дахлдори Русия ҷиҳати


мусоидат ба хориҷ кардани


шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман омодагӣ изҳор намуданд. Дархости расмӣ ва рӯйхати тоҷикистониёни муқими Яман ба Вазорати корҳои хориҷии Русия фиристода шуда, онҳо ба расонидани кумаки ҳамаҷониба ва мусоидат дар ҳалли масъалаи мазкур омодагӣ изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар пойтахти Яман кору зиндагӣ доранд, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон


 даъват карданд,


 ки барои берун шудан аз шаҳри Санъо ва ба ватан баргаштанашон кумак расонанд. Даъватҳои онҳо ҷиҳати кумак дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.