Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД 1 апрел ба Душанбе меоянд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пагоҳ, 1 апрел ба Душанбе ташриф оварда, рӯзи дигараш дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон доир мегардад. Зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) пагоҳ, 1 апрел ба Душанбе ташриф оварда, рӯзи дигараш дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон доир мегардад.

Зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе вазирони корҳои хориҷии Арманистон – Эдвард Налбандян, Беларус – Владимир Макей, Қазоқистон – Ерлан Идрисов, Қирғизистон – Эрлан Абдилдаев ва Русия – Сергей Лебедев ширкат варзида, ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии таҳдиду ситезаҷӯиҳои марбут ба он барои минтақаи фарогири амнияти дастаҷамъии СААД баррасӣ мешаванд. Дабири кулли СААД Николай Бордюжа роҷеъ ба вазъи кунунӣ дар минтақаи масъули СААД ва мавзеъҳои ҳаммарзу наздик бо он маълумот медиҳад.

Ба ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви СААД дар Душанбе ҳамчунин раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, диектори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА Адам Кобератский ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирслав Енча низ даъват шудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур тасдиқи Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои давраи соли 2015 – нимсолаи аввали соли 2016 дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.