Агентии зиддифасод корманди КДАМ-ро боздошт намуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯи далели гирифтани пора ваколатдори фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Асадулло Шарифзодаро боздошт намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод дар ин робита иттилоъ дод, корманди боздоштшудаи КДАМ барои ҷалб накардани  шаҳрванд А.В. ба ҷавобгарӣ, аз ӯ ба […]

Аваз Юлдошев



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯи далели гирифтани пора ваколатдори фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Асадулло Шарифзодаро боздошт намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод дар ин робита иттилоъ дод, корманди боздоштшудаи КДАМ барои ҷалб накардани  шаҳрванд А.В. ба ҷавобгарӣ, аз ӯ ба сифати пора 5 ҳазор доллари ИМа талаб кардааст.

«Корманди КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА дар қаламрави кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт боздошт шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки бо супориши роҳбари тозатаъини Агентии зиддифасод Рустами Эмомалӣ аз 1 апрел ҳамаи кормандони Агентӣ аз санҷиш (аттестатсия)-и мувофиқат кардан ба мансаби ишғолкарда мегузаранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.