Яке аз даҳлезҳои марказии бинои СММ дар Венаро сӯзанӣ оро дод

Рӯзи 30 марти соли 2015 намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли Созмони Милали муттаҳид, мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена Юрий Федотов туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллиии мардуми кишварамон «Сӯзанӣ»-ро ба Шуъбаи  СММ дар Вена тақдим намуд.   Бино […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 марти соли 2015 намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар ҳузури муовини Дабири кулли Созмони Милали муттаҳид, мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена Юрий Федотов туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон, намунаи маҳсули ҳунари дастии миллиии мардуми кишварамон «Сӯзанӣ»-ро ба Шуъбаи  СММ дар Вена тақдим намуд.

 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ин тӯҳфаи хотиравӣ нахустин бор яке аз даҳлезҳои марказии бинои Созмони Милали Муттаҳид дар Венаро оро дод.

Гуфта мешавад, сӯзанӣ дар баробари тӯҳфаҳои миллии бархе аз кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нишонаест аз мардуми Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён фарҳангу маданият ва мероси гаронбаҳои ниёгонамонро муаррифӣ хоҳад кард.

Зимнан зикр мегардад, ки Юрий Федотов аз номи худ ва Дафтари СММ дар Вена барои ин тасмими наҷиби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.