Ҳалокати боз 3 тоҷикистонӣ дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ

Дар саҳифаҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳалокати 3 тан аз тоҷикистониён дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ маълумот интишор шуд. Тибқи як хабар дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер рӯзи 30 март, дар ҷануби шаҳри Бағдод як тоҷикистонӣ бо исми Абӯайюб ҳамроҳ бо як шаҳрванди Ӯзбекистон кушта шудааст. Худи ҳамин рӯз дар […]

Аҳлиддин Салимов



Дар саҳифаҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳалокати 3 тан аз тоҷикистониён дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ маълумот интишор шуд.

Тибқи як хабар дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер рӯзи 30 март, дар ҷануби шаҳри Бағдод як тоҷикистонӣ бо исми Абӯайюб ҳамроҳ бо як шаҳрванди Ӯзбекистон кушта шудааст. Худи ҳамин рӯз дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ боз Султон ва Имрон ном низ шахсон аз Тоҷикистон ҳалок шудаанд.

Чанде қабл сокини ноҳияи Фархор Абдулмаҷид Наботов

ба радиои «Озодӣ»

иттилоъ дода буд, ки ба тахминаш писари 28-солааш Насим Наботов, ки замоне донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов будааст, ҳоло дар Сурия қарор дорад.

Гуфта мешавад, Насим Наботовро чанд сол пеш падараш аз таҳсил дар донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскав маҳрум карда, ба Тоҷикистон овард, то роҳи ифротӣ шудани ӯро бигирад. Аммо наздиконаш гуфтаанд, вақтҳои охир ӯ бештар аз “ҷиҳод” сӯҳбат мекард ва чанде қабл ба таври ногаҳонӣ “ғайб зада”, ба эҳтимоли зиёд ба Сурия рафтааст.

Ҳамчунин қаблан дар навори

шабакаи телевизиони русиягии «Сарград»

(Царьград) изҳор гардид, ки миёни муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Екатеринбург видеороликҳои сабтшуда дар Ироқу Сурия паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷиронро бо ваъдаи маблағи зиёди пуливу «ҳаёти беғам дар қаламрави Халифат» ба пайвастан ба ҷиҳод даъват мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, ба аввали моҳи январи соли ҷорӣ ҳудуди 300 нафар тоҷикон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, 50 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, аммо ба иттилои худи ҷангиён, айни замон аз Тоҷикистон дар сафҳои Халифат 1000 нафар меҷанганд ва 500 нафари онҳо фавтидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.