Дастури вазири корҳои дохилӣ оид ба таъсиси ситодҳои ҳолатҳои фавқулода дар саросари ҷумҳурӣ

Имрӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомот ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ матраҳ гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомот ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ матраҳ гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ, фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷалобӣ, ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахонаҳо, назорати пули асъори миллӣ, дуздии қувваи барқ, порагирӣ, тамаъҷӯӣ, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласа вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати таъсис додани ситодҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва ҳодисаҳои табиӣ, ҳамчунин, доир ба ободонию сабзазоркунии гирду атрофи биноҳои маъмурию хизматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.