Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД ба Душанбе ташриф меоранд; – Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро ба иштирок дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба пауэрлифтинг даъват мекунад. Оғоз соати 09-00 дар толори Мактаби махсуси […]

ASIA-Plus



Анонс



– Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД ба Душанбе ташриф меоранд;

– Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро ба иштирок дар Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба пауэрлифтинг даъват мекунад. Оғоз соати 09-00 дар толори Мактаби махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон (СДЮШОР).



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.8405

сомонӣ;


1

евро –

6.2706

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.100


4



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи ҳазлу ханда.

Рӯзи байнулмилалии парандагон.


1945

– Дар ҶШС Тоҷикистон омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳангу маърифат – феълан коллеҷи фарҳанги ба номи П.Д.Байдаков боз шуд.


1960

– Дар Сталинобод корхонаи истеҳсоли хишти силикатӣ ба фаъолият шуруъ кард.


1987

– Таъсиси нашриёти «Адиб» дар Тоҷикистон.


2000

– Мутобиқи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро қатъ намуд.


2010

— Дар Тоҷикистон Кодески нави мурофиавии ҷиноятӣ мавриди амал қарор гирифт.


2011

— Суди Аврупо шикояти Русия аз рӯи парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро рад кард.


2014

— Таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаи шахсияти намунаи нав дар шакли кортҳои пластикии идентификатсионӣ (ID) ба ивази шиносномаи хориҷии намунаи соли 1996 оғоз гардид.


1961

– Зодрӯзи Саиди Ёқубзод, раиси Кумита оид ба масоили кишоварзӣ ва экологии парлумони ҷумҳурӣ.


1941

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Бибимоҳ Маликова.


1943

– Зодрӯзи шоир Султон Шаҳзода.


1946

– Мавлуди журналист Раҳматихудо Додихудоев.


1948

– Зодрӯзи журналист Оғоназар Мавлоназаров.


1951

– Мавлуди профессор Абдулхай Маҳмадаминов.


1951

– Зодрӯзи нависанда ва журналист Додохони Эгамзода, сардабири газетаи «Нилуфар» (Хуҷанд).


1954

– Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов.


1955

– Зодрӯзи оҳангсоз Манзура Ҳасанова.


1961

– Мавлуди журналист Абдурауф Муродӣ.


1963 –

Зодрӯзи журналист Камоли Қурбониён.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +4+9.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +5+10; дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +2+7. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.      

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11. 


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.